Ссылки доступа

Узбекистон дар ду соли оянда комилан ба хати лотинӣ мегузарад


Дар Узбекистон сар аз 1 январи соли 2023 дар ҳамаи муассисаҳои давлатӣ таҷрибаи истифодаи алифбои узбекӣ дар асоси хати лотинӣ ҷорӣ карда хоҳад шуд.

Ба иттилои вазорати адлияи он кишвар, 10 феврал ҳукумати Узбекистон дар ин маврид қарор қабул кардааст. Ба ҷуз ин, тартиби марҳила ба марҳила гузаштан ба алифбои лотинӣ муайян шудааст.

Дар тартиби гузаштан ба алифбои лотинӣ гуфта шудааст, ки намои сомонаҳои расмӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, шиносномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо, ҷойномҳо, номи кӯчаҳо, номи муассисаҳо, таблиғот ва ғайра низ ба хати лотинӣ баргардон хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG