Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон санаи баргузории раъйпурсӣ барои қабули Конститутсияи навро пешниҳод кард


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пешниҳод кард, ки раъйпурсӣ барои тағйири Конститутсияи ин кишвар бо интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ дар як рӯз баргузор карда шавад.

"Ҳоло мо дар асоси Конститутсияи пешин зиндагӣ дорем. Ман фармони баргузории интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллиро дар рӯзи 11 апрели соли равон имзо кардам. Агар вакилони порлумон ҷонибдорӣ кунанд, дар он рӯз раъйпурсии қабули Конститутсияи нав ҳам барпо мешавад", - изҳор дошт Ҷабборов.

Ҷабборов 8 феврал фармонеро имзо карда буд, ки тибқи он, 11 апрели соли равон интихоботи вакилони маҷлисҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.

Пештар раиси Маҷлиси конститутсионӣ дар Қирғизистон Бекбосун Борубашев ҳам гуфта буд, ки эҳтимол аст, раъйпурсӣ бо интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ дар як рӯз баргузор шавад.

Дар тарҳи нави Конститутсияи Қирғизистон, ки қарор аст, барои қабули он раъйипурсии умумӣ ташкил шавад, салоҳиятҳои президент густардатар шуда, ниҳоди нав - қурултойи мардумӣ ташкил мегардад.

XS
SM
MD
LG