Ссылки доступа

Зидди раиси пешини Кумитаи амнияти Қирғизистон дар доираи 6 парванда айб эълом шуд


Додситонии кулли Қирғизистон хабар дод, ки зидди раиси пешини Кумитаи амнияти миллии ин кишвар Абдил Сеғизбоев дар доираи шаш парванда айб эълон шудааст.

Ба огаҳии додситонӣ, ин парвандаҳо, аз ҷумла ба қазияҳои "Белизгейт", ҷудо кардани хонаи сеҳуҷрагӣ барои прапоршик дар бинои зисти кормандони амният, тақдими силоҳи шахсӣ ба се корманд, рухсатиҳои кории хориҷии кормандони амният дар соли 2017 рабт доранд.

Манбаъ афзуда, ки дар доираи як парвандаи дигар низ зидди Сеғизбоев айб эълом шудааст, вале он махфӣ мебошад.

Раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Қирғизистон охирҳои моҳи январ боздошт шуд. Дар Додситонии низомии Қирғизистон он замон гуфтанд, ки алайҳи ӯ дар асоси шикояти Алмамбет Шикмаматову шахсони дигар бо банди "Сӯистифода аз мақом" парванда боз шуа, Сегизбоевро ба барқасдона беобурӯй сохтани вакилони вақти порлумон Алмамбет Шикмаматов, Аида Салянова Омурбек Текебоев дар назди сокинон айбдор мекунад.

Абдил Сегизбоев дар интихоботи президентии пеш аз муҳлати Қирғизистон, ки 10 январ баргузор шуд, дар миёни 17 номзад бо касби 1, 46 дарсади раъйҳо мақоми панҷумро касб карда буд.

XS
SM
MD
LG