Ссылки доступа

Дар Узбекистон ҳазорҳо одам барои пайдо кардани ҷои кор пушти дари "Артел" ҷамъ омаданд (видео)


Толпа людей, собравшаяся возле филиала предприятия «Артель» в городке Питнак Тупраккалинского района Хорезмской области, 9 февраля 2021 года.
Толпа людей, собравшаяся возле филиала предприятия «Артель» в городке Питнак Тупраккалинского района Хорезмской области, 9 февраля 2021 года.

Ҳазорҳо сокини вилояти Хоразми Узбекистон 9 феврал, баъди эъломи қабули коргарон барои бахши нави ширкати истеҳсоли техникаҳои маишии "Артел" дар шаҳри Питнаки вилоят дар назди бинои бахш ҷамъ шуданд.

В Хорезме тысячи безработных собрались возле здания «Артель»
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:57 0:00

Як ҳамсуҳбати мо ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, дар назди бахши нави корхонаи "Артел" ҳудуди 20 ҳазор одам ҷамъ шуда буд.

"Мардум аз ҳамаи ноҳияҳои Хоразм дар назди дарвозаи корхона ҷамъ шуда буданд. Дарвозаи корхона баста буд ва касе ҳам аз дохил ба назди ҷамъшудаҳо набаромад. Сипас кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омада, гуфтанд, ки инҷо истодан бефоида аст ва корхона наметавонад, ҳамаи шуморо ба кор гирад ва моро пароканда карданд", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Ба ҳисоби Вазорати шуғл ва муносибатҳои кории Узбекистон, сатҳи бекорӣ дар миёни қишри фаъоли аҳолӣ аз нигоҳи иқтисодӣ беш аз 13 дарсадро ташкил медиҳад.

Вале ба гуфтаи блогер Шерзод Ботиров, таҷаммуи 9 феврал дар назди бахши нави "Артел" нишон медиҳад, ки сатҳи воқеии бекорӣ дар Узбекистон чандин баробар бештар аз арқоми расмӣ аст.

XS
SM
MD
LG