Ссылки доступа

Дар Суғд ду ҷойи истихроҷи биткойнро пайдо карда, бастаанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Дар Суғд ду ҷойи истихроҷи биткойнро пайдо карда, бастаанд.​ Мақомоти расмӣ мегӯянд, соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон чаҳор нафарро барои “истихроҷ” ва ё мусоидат дар муомилот бо пули рақамӣ ба мисли “Биткойн” дастгир кардаанд. Дар ин бора Исроил Наимов, сардори яке аз шуъбаҳои Идораи андоз дар вилояти Суғд рӯзи 12-уми феврал хабар дод. (видео)

- Чой кулчақанд ва таҳдиди қатл. Ҳамзистӣ дар як деҳаи сарҳадӣ. Вақте, фурӯшандаи армани як мағозае дар Шурнух деҳаи тақсимшуда байни Арманистону Озарбойҷон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки агар муштарии озарӣ биёяд ба ӯ хидмат мерасонад, шавҳараш оташин шуд ва таҳдид кард, ки барои ин кораш ӯро мекушад. Тақсими Шурнух байни ду кишвар дар деҳа таниш барангехтааст. (видео)

- Чаро тоҷикон дар Русия якдигарро фиреб медиҳанд? Бо ҳамин суол муҳоҷирони фиребхӯрда тақрибан ҳар рӯз ба Радиои Озодӣ муроҷиат мекунанд. Шикоятҳо бештар аз миёнаравҳои тоҷик аст, ки муҳоҷиронро бо ваъдаи кору музди зиёд ба Русия мебаранд ва баъдан дасти холӣ мегузоранд. Ин то куҷо воқеист ва роҳи ҳаллаш кадом аст? (видео)

- Чиниҳо вайрон карданду рафтанд. Сохтмони "Шаҳраки чинӣ"-и Хуҷандро шаҳрдорӣ бар ӯҳда гирифт. (видео)

- Мавҷгирҳоро аз баландошёнаҳои маркази Душанбе бармечинанд.​Cокинони хонаҳои атрофи маҷмааи "Истиқлол ва Озодӣ" дар Душанбе аз суҳбат дар бораи қарори мақомот оид ба барчидани антеннаҳо ё мавҷгирҳо метарсанд. (видео)

- Як корхонаи азими Тоҷикистон аз сурбгудозӣ монд. Чаро? Пандемияи СОVID-19 бо ҷамъи чанде аз мушкилоти дигар сабаби аз кор мондани бузургтарин корхонаи саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон шудааст. Корхонаи металлургии “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин”, ки тавоноии истеҳсоли то 50 ҳазор тонна сурб дар як солро дорад, соли 2020 аз фаъолият мондааст. (видео)

- Парвандаи азияти кӯдакон дар кӯдакистон Кӯлобро додгоҳ муҳокима хоҳад кард. (видео)

- 20 сол бе Муборакшо. Аз замони марги Муборакшо Мирзошоев, овозхони шинохта, 20 сол гузашт. Ду даҳсолае, ки ӯ дар байни мо нест ва "Ғарибӣ"-ву "Чор ҷавон"-ро намехонад, аммо таронаҳояш дар маъракаҳои хурсандӣ ва ҳолати ғамгинӣ садо медиҳанд ва аз сӯйи овозхонҳо гаштаву баргашта ва бо шеваҳои гуногун иҷро мешаванд. (видео)

- "Тоҷикстандарт" беш аз 200 тонна маҳсулоти пастсифатро мусодира кардааст. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG