Ссылки доступа

Дар Узбекистон беш аз нисфи сокинон барои тахриби манзилҳояшон ҷуброн нагирифтаанд


Абдураҳим Муҳиддинов, як масъули додситонии кулли Узбекистон гуфт, 55 дарсади сокиноне, ки манзилҳояшон тахриб шуда буд, дар иваз ҷубронпулӣ дарёфт накардаанд.

"То 1 январи соли 2020 қарз аз ҳисоби тахриби манзили сокинон 443 млрд сӯмро ташкил медод. Аммо дар соли гузашта ниҳодҳои масъул ҳамагӣ 202 млрд сӯм, яъне 45 фоизи қарзи умумиро ба сокинон пардохт кардаанд", - гуфт Муҳиддинов.

Ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 151,5 млрд сӯм (муодили 14,4 млн доллар) нақд, 10,7 млрд сӯм (1,1 млн доллар) дар намуди қитъаи замин ва 39,2 млрд сӯм (3,7 млн доллар) дар намуди манзил пардохт шудааст.

XS
SM
MD
LG