Ссылки доступа

Тазоҳуроти сокинони манотиқи наздимарзии Қирғизистон дар маркази Бишкек


Як гуруҳи сокинони Қирғизистон 15 феврал дар назди бинои ҳукумати ин кишвар дар шаҳри Бишкек роҷеъ ба масоили марзҳои давлатӣ эътироз доранд.

Ҳудуди 30 сокини ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд ва ноҳияи Алабукини вилояти Ҷалолободи Қирғизистон аз ҳукумати он кишвар талаб доранд, ки мушкилиҳои марзиро зудтар ҳал карда, маълумот аз ҷараёни гуфтугӯҳо бо ҳамсоякишварҳоро пинҳон накунанд.

Ҳудуди 50 сокини деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканд 12 феврал ҷамъ шуда, гуфтанд, ки гӯиё марзбонони Тоҷикистон аз 8 феврал чарогоҳи Тандирро муҳофизат мекунанд ва сокинонро ба он роҳ намедиҳанд.

Сокинони Алабукин низ худи он рӯз бо намояндагони Хадамоти марзбонии Қирғизистон мулоқот баргузор карда, гуфтанд, дар минтақаи баҳсии Кошболот марзбонони узбек симхор кашиданд ва макони чарогоҳи чорвоҳои онҳоро "танг" кардаанд.

Қирғизистон бо Узбекистон 1378 километр марзи муштарак дорад, ки 1170 километр ё 85 дарсади он аломатгузорӣ шудааст. Дар миёни ду кишвар 9 минтақаи баҳсӣ вуҷуд дорад ва ин номуайянӣ дар бештари маврид боиси низоъҳои марзӣ миёни сокинони дуҷониб хоҳад шуд.

Марзи муштараки Қирғизистон бо Тоҷикистон 976 километрро ташкил дода, 519 километри он аломатгузорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG