Ссылки доступа

Парвандаи Сух: шоҳидон гуфтанд, гумонбаронро дар маҳалли ҳодиса надидаанд


Ситуация на границе узбекского села «Чашма» анклава Сох и кыргызстанского села «Чечме», 31 мая 2020 года.
Ситуация на границе узбекского села «Чашма» анклава Сох и кыргызстанского села «Чечме», 31 мая 2020 года.

Панҷ ҷабрдида ва як шоҳид аз ноҳияи Сӯхи Узбекистон 12 феврал ба додгоҳи вилояти Фарғона эҳзор шуданд. Ҳамаи онҳо гуфтанд, ягон нафари гумонбаронро дар маҳалли ҳодиса надидаанд.

"Ман ба касе шикоят накардам. Тамоми рӯз дар кор будам ва намедонам, ки баъди омадани ман онҷо чи рух дод. Шунидам, ки қирғизҳо ду хонаро оташ заданд ва ҳукумат ҳоло онҳоро барқарор кардааст. Ҳамаи гумонбаронро мешиносам. Аксари онҳо шогирдони мананд. Вале ягон нафарашонро дар маҳалли ҳодиса надидаам", - гуфт яке аз ҷабрдидаҳо.

Додгоҳи Фарғона 9 феврал баррасии парвандаи 22 сокини Сухро оғоз кард, ки гӯиё дар бетартибии оммавӣ дар марз бо Қирғизистон даст доранд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, 9 тани ин гумонбарон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, боқӣ ҳабси хонагӣ шудаанд. Дар миёни онҳо ду ноболиғ низ ҳаст.

Ҷанҷоли сокинони наздимарзии Узбекистону Қирғизистон рӯзи 31 майи соли гузашта рух дод, аммо айбдоршавандаҳоро танҳо баъди се моҳи ҳодиса боздошт карданд. Дар он ҷанҷол сӯи ҳокими пешини вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев санг партофта шуд.

XS
SM
MD
LG