Ссылки доступа

Дар Қазоқистон сокинон аз гирифта шудани заминҳояшон ба нафъи ширкати хусусӣ шикоят доранд


Сокинони деҳаи Жезказгани Қазоқистон, ки аз гирифта шудани заминҳояшон бо баҳонаи "ниёзи давлатӣ" ба нафъи ширкати "Қазоқмис" шикоят мекарданд, ба муроҷиатномаи худ посух гирифтанд.

Вале ин посух на аз маъмурияти президенти Қазоқистон, ки муроҷиатнома ба унвонии он ирсол шуда буд, балки аз номи ҳукумати шаҳри Сатпаев омадааст. Сокинон мегӯянд, онҳо посухи президенти Қазоқистонро мунтазир буданд.

Жезказганиҳо дар муроҷиатномаи худ ба президенти Қазоқистон гуфта буданд, ки онҳоро ба хотири манфиати як ширкати хусусии коркарди конҳо ба ҷои дигар мекӯчонанд. Вале ширкат дар маҳалли зисти ояндаашон масъалаи бунёди зербиноӣ, аз ҷумла роҳи мошингарду қабристонро ба инобат нагирифтааст.

"Кӯчонидани иҷборӣ ба хотири ниёзи давлатӣ бо қарори ҳукумати Қазоқистон сурат мегирад", - омадааст дар посухи шаҳрдории Сатпаев.

Сокинони Жезказган шикоят доранд, ки вақтҳои ахир фишор болои онҳо афзоиш ёфта, ҳатто ахиран интиқоли об ба онҳоро қатъ карданд, ки дар натиҷа 10 хонавода бе об мондааст. Ҳамчунин афроди ношиносе сими алоқаи "Теле 2"-ро низ дар Жезказган буридаанд.

Сокинони Жезказганро ба хотири "коркарди канданиҳои зеризаминӣ" иҷборан ба ҷои дигар мекӯчонанд. Дар ҳоли ҳозир дар ин минтақаи аҳолинишин ҳудуди 100 хонавода боқӣ монда, онҳо барои манзили зист, тиҷорат ва хоҷагиҳои худ ҷуброни муносиб талаб доранд.

XS
SM
MD
LG