Ссылки доступа

Дар Узбекистон мехоҳанд, барои даъват ба бетартибӣ ҷавобгарии ҷиноӣ ҷорӣ кунанд


Ду ҷиноҳи порлумонӣ дар Узбекистон пешниҳод доранд, ки барои даъвати оммавӣ ба бетартибӣ ва хушунат ҷавобгарии ҷиноӣ ҷорӣ карда шавад.

Алишер Қодиров, раиси шӯрои марказии ҳизби "Миллий тикланиш" гуфт, ин пешниҳодро ҷиноҳи "Миллий тикланиш" ва "Адолат" ироа кардаанд.

Ду ҷиноҳи порлумонӣ пешинҳод кардааст, ки барои даъват ба бетартибӣ ва хушунати оммавӣ ҷарима, корҳои ислоҳӣ то 2 сол, маҳдуд кардани озодӣ аз 3 то 5 сол ва ё маҳрум кардан аз озодӣ аз 3 то 6 сол таъйин карда шавад.

Ҳамакнун, бар асоси пешниҳоди вакилон, барои даъвати оммавӣ тавассути расонаҳо, шабакаҳои коммуникатсионӣ ва интернет ҷавобгарӣ таъйин мешавад. Соҳибон ва муҳаррирони сомонаҳову блогҳо вазифадор хоҳанд шуд, ки даъват ба бетартибии оммавӣ ва хушунатро дар саҳифаҳои худ нашр накунанд.

XS
SM
MD
LG