Ссылки доступа

Дар ғарби Қазоқистон ронандагони "ёрии таъҷилӣ" маоши бештар талаб доранд


Ҳудуди 50 ронанда ва кормандони беҳдоштии беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон 15 феврал аз мақомот талаб карданд, ки маоши онҳоро зиёдтар кунанд.

"16 сол аст, ки ронанда ҳастам. Дар давоми ин солҳо маоши табибону ҳамшираҳо чандин бор зиёд карда шуд, вале маоши ронандагон тағйир наёфт. Мо вобаста аз соатҳои корӣ маош мегирем. Агар дар ин моҳ 8 навбатдорӣ бошад, дар моҳи оянда 7 то мешавад. Бинобар ин, баъзан 82 ҳазор танга ва баъзан 76 ҳазор мегирем", - гуфт як ронандаи мошини "ёрии таъҷилӣ" аз Оқтеппа.

Корманди беҳдоштӣ Анатолий Правда мегӯяд, барои шаш рӯзи навбатдорияш дар моҳи январ 77 ҳазор танга гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, кормандони беҳдоштӣ "аз ҳама кори ифлос"-ро мекунанд, вале маоши камтар мегиранд.

Ронандагону кормандони беҳдоштии норозӣ мегӯянд, борҳо аз паст будани маошашон ба раҳбарият шикоят карданд, вале бенатиҷа буд.

Сардухтури беморхонаи ёрии таъҷилии Оқтеппа Марат Жанкулов гуфт, маоши табибон ва ҳамшираҳо аз 1 январи имсол 30 дарсад боло рафт ва ҳоло раҳбарият "барои боло бурдани маоши ронандагон ва кормандони беҳдоштӣ низ талош дорад". "Вазъи марбут ба маоши кормандони бахши ёрии таъҷилӣ дар тамоми Қазоқистон яксон аст. Мо дар доираи имкониятҳо талош дорем", - гуфт ӯ.

XS
SM
MD
LG