Ссылки доступа

Бародари Муродалӣ Алимардонов боздошт ва нисбаташ парванда боз шудааст


Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусия дар нисбати Парда Алимардонов, бародари Муродалӣ Алимардонов -- раиси "Агроинвестбонк", парванда боз кардааст. Парда Алимардонов феълан дар боздошт қарор дорад.

Масъулини Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 16-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, ки Парда Алимардонов аз "Агроинвестбонк" 90 миллион сомонӣ қарз гирифта, онро "ғайримақсаднок" истифода бурдааст. Аммо шарҳ дода нашуд, ки ӯ чигуна ин маблағҳоро "ғайримақсаднок" харҷ намудааст.

Фахриддин Акрамзода, як масъули Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, дар сурати баргардонидани қарз ва ҷуброни зарар, имкон дорад парванда дар нисбати Парда Алимардонов қатъ шавад.

Нисбати Парда Алимардонов бо моддаи 246, қисми 3, банди "б"-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "тасарруфи маблағҳои кредитӣ ба миқдори махсусан калон", парванда боз шудааст. Тафтишоти ин парвандаро Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пеш мебарад.

Назари наздикони Парда Алимардонов дар нисбати ин гуфтаҳои масъулини Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳанӯз дастрас нест. Ва маълум нест, ки онҳо ба ин гуфтаҳои ниҳоди мубориза зидди фасод розӣ ҳастанд ё не.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, ки дар маҷмӯъ соли гузашта дар "Агроинвестбонк" 82 миллион сомонӣ камомади пулӣ ошкор шудааст.

Мақомоти Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон дар авоили соли 2019 Муродалӣ Алимардонов, раиси "Агроинвестбонк" ҳам бозпурсӣ карда буданд. Ӯ дар робита ба пули қарз ҳамчун шоҳид мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буд. Муродалӣ Алимардонов дар гузашта раиси Бонки Миллӣ, муовини аввали нахуствазир ва яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар ҳукумати Тоҷикистон буд.

"Агроинвестбонк" тақрибан 6 сол боз бо бӯҳрон рӯбарӯст ва наметавонад беш аз 700 миллион сомонӣ амонати мардумро баргардонад. Мақомоти ин бонк дар гузашта гуфтаанд, ки барои ислоҳи вазъ ва хидматрасонии муносиб ба муштариён барномаҳои зиёде иҷро мекунад. Аз ҷумла, ду ҳазор корманди бонкро ихтисор карданд, то харҷ камтар шавад.

Мушкили бонкҳои Тоҷикистон соли 2016 шурӯъ шуд ва баъди коҳиши воридоти маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик шиддат гирифт. Давлати Тоҷикистон аз бими норизоиятии мардум, ки дар "Агроинвестбонк"-у "Тоҷиксодиротбонк" садҳо миллион сомонӣ пасандоз доранд, онҳоро аз вартаи муфлисӣ раҳонд, вале бонкҳои хурде ба мисли "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд.

XS
SM
MD
LG