Ссылки доступа

Воксинзании зидди коронавирус дар Узбекистон моҳи март шуруъ мешавад


Дар Узбекистон воксинзанӣ зидди вабои коронавирус дар нимаи аввали моҳи март шуруъ мешавад. Дар ин бора аз мақомоти тандурустии Узбекистон хабар доданд.

Дар хабари расмии мақомоти Узбекистон омадааст, ки дар навбати аввал афроди аз 65-сола боло, кормандони соҳаи тиб, омӯзгорон ва кормандони мақомоти қудратӣ воксин хоҳанд гирифт.

Воксинзанӣ довталабона ва бидуни маҷбурият хоҳад буд.

Дар саросари он кишвар барои воксинзанӣ 3138 нуқта ва 820 гуруҳи сайёр ташкил шудааст.

Мақомоти Узбекистон тасмим доранд, дар соли ҷорӣ 20 дарсади аҳолии он кишварро воксин зананд.

XS
SM
MD
LG