Ссылки доступа

Ҳамла ба бинои Конгрессро комиссияи махсус таҳқиқ мекунад


Конгресси ИМА барои таҳқиқи бетартибиҳои оммавӣ ва хунин дар Капитолия, ки 6 январи соли равон рух дод, комиссияи мустақил таъсис медиҳад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Конгресс Нэнси Пелосӣ 15 феврал дар як номаи худ ба ҳамтоёни демократаш аз ташкили комиссия хабар дод.

Ба назари Пелосӣ, комиссия сабабу омилҳои марбут ба "ҳамлаи террористии дохилӣ" ва "дахолат ба интиқоли осоиштаи қудрат"-ро таҳқиқ мекунад. Ӯ мегӯяд, Конгресс бояд воқеияти ҳодисаи рухдодаро муайян кунад.

Дастгирии дуҳизбӣ аз идеяи ташкили комиссияи махсус барои таҳқиқи қазияи Капитолия баъди он тақвият ёфт, ки Сенат дар ҷаласаи 13 феврал президенти пешин Доналд Трампро импичмент накард.

Бархе аз ҷумҳурихоҳон, ҳамҳизбони Трамп гуфтанд, аз таҳқиқи ҳамла ба бинои Конгресс ва монеъ шудан ба тасдиқи натиҷаҳои интихоботи президентии Амрико ҷонибдорӣ мекунанд.

Тарафдорони раиси ҷумҳур Доналд Трамп рӯзи 6 январ бо зӯр вориди бинои порлумони Амрико шуданд ва ҷаласаи вакилонро, ки барои тасдиқи пирӯзии Ҷо Байден ҷамъ омада буданд, баҳам заданд. Новобаста аз онки дар онҷо хабарнигорони зиёд ва пулиси мусаллаҳ буд, тазоҳургарон хати амниятиро рахна карда ва ба дохил рафтанд.

XS
SM
MD
LG