Ссылки доступа

Хуҷа‑Командир дар латукуби як зиндонбон айбдор шудааст


Худжа Каримов, бывший влиятельный полевой командир Народного фронта Таджикистана после (слева) и до ареста

Хуҷа Каримов (Хуҷа‑Командир), фармондеҳи пешини Фронти халқии собиқ, ки бо иттиҳоми даст доштан дар 20 ҷинояти куштор дар боздоштгоҳи КДАМ қарор дорад, дар латукуби як корманди муассисаи ислоҳӣ ва чанд маҳбус айбдор шудааст.

Як мақоми муассисаи ислоҳӣ, ки нахост номаш зикр шавад, рӯзи 16‑уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса ду ҳафта пеш рух додааст. Ӯ гуфт, Хуҷа Каримов ҳангоми муноқиша бо чанд маҳбус ба зиндонбоне, ки мехост, аз ин хархаша пешгирӣ кунад, ҳамла кардааст.

Ба гуфтаи ин мақом, нисбат ба Хуҷа Каримов бо иттиҳоми “авбошӣ” ва “истифодаи зуроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” парвандаи нав боз кардаанд.

Ҳамсӯҳбати дуюми Радиои Озодӣ дар Саррайёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия низ ҳодисаро тасдиқ кард, аммо гуфт, ин воқеаи чанд рӯз пеш аст.

“Пас аз ин ҳодиса Хуҷа Каримов дар утоқе танҳо нигаҳдорӣ мешавад ва парвандаи навашро додситонӣ тафтиш дорад”,‑‑ гуфт ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки хоҳиш кард аз ӯ бо сабаби масъули суҳбат набуданаш ном бурда нашавад.

Мақомоти муассисаи ислоҳӣ ва ниҳодҳои нозири он расман ин ҳолатро тасдиқ ё рад накарданд. Назари худи ӯ ва наздиконаш ба ин хабар дар дастрас нест.

Эълони айби нав зидди Хуҷа Каримов дар ҳоле сар задааст, ки парвандаи ӯро бо иттиҳоми 20 куштор дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Раёсати парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ карда, ба додгоҳ фиристодааст.

Мақомоти интизомии кишвар соли гузашта гуфта буданд, ки бар зидди Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир), бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла одамкушӣ ва гаравгонгирӣ, парванда кушодаанд. Аммо духтари ӯ ин иттиҳомотро рад кардааст, вале назари вакили мудофеаш маълум нест.

Хӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврали соли гузашта аз Дубай ба Душанбе оварданд. Ӯ ҳудуди бист сол пеш аз кишвар фирор карда, тобистони соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шуд. Аз рӯи айбномае, ки мақомот нисбат ба Хӯҷа Каримов парванда боз кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Бархе аз шоҳидони рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Каримовро дар "бераҳмии фавқулода нисбат ба аҳолии осоишта" гунаҳкор мекунанд. Аз ҷумла, наздикони бародарон Сияршо ва Саидшо Шоевҳо Хӯҷа-Командирро дар қатли ин ду вакили собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон айбдор медонанд.

XS
SM
MD
LG