Ссылки доступа

Оҷонсии зидди коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳои Тоҷикистонро эълом кард


Агентство по финансовому контролю Таджикистана озвучило рейтинг самых коррумпированных органов власти
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:24 0:00

Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рейтинги фасодзадатарин ниҳодҳои давлатиро ошкор кард.

Дар соли 2020 ин рейтинг ба намунаи зер аст:

мақомоти идораи маҳаллӣ - 177 ҷиноят, низоми бонкӣ - 168 ҷиноят, вазорати маориф ва илм - 168 ҷиноят, низоми тандурустӣ - 104 ҷиноят, кишоварзӣ - 101 ҷиноят, идораи замин - 99 ҷиноят, низоми меҳнат ва муҳоҷират - 66 ҷиноят.

"Бештари далелҳои фасодкорӣ ба иншооти ғайридавлатӣ рабт ва соҳибкории инфиродӣ рабт доранд, ки онҳо 811 фасодкорӣ анҷом додаанд. Соли гузашта наздики 30 млн доллар зарар ошкор шудааст", - гуфт Сулаймон Султонзода, раиси агентии зидди коррупсияи Тоҷикистон.

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик мегӯяд, ин иттилои агентӣ баёнгари чизе нестанд ва бо такя ба ин иттилоъ намешавад, дар бораи муваффақияти агентӣ ҳарф зад. Ба гуфтаи вай, ин омор барои он даркор аст, ки ба аҳолӣ мубориза бо фасодкорӣ нишон дода шавад. Агентии зидди коррупсия ба боздошти мансабдорони поёнӣ таваҷҷуҳ равона кардааст: боздошт ва исботи ҷинояти онҳо осон аст, пушти мансабдорони поёнӣ касе намеистад. Вале фасодкорони "бузургтар"-ро касе боздошт намекунад, гуфт коршинос.

Агентии мубориза зидди коррупсияи Тоҷикистон соли 2007 таъсис шуд. Дар соли 2017 17 тан аз кормандони ин ниҳод бо айби суистифода аз мақом боздошт шуданд. Он замон расонаҳо навиштанд, ки ниҳоди мазкур боиси рушди фасодкорӣ дар Тоҷикистон шудааст. Президенти Тоҷикистон гуфт, "даркор шавад, агентиро мебандад". Аммо сарфи назар аз ҳамаи ин, агентӣ фаъолияташро идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG