Ссылки доступа

Қазоқистониҳо бештар аз 1$ млрд-ро аз бунёди нафақа бозпас гирифтаанд


Бунёди ягонаи нафақаи Қазоқистон ба суратҳисобҳои сокинони он кишвар бештар аз 1 миллиард доллар интиқол додааст. Сокинон гуфтаанд, ин маблағро барои "беҳсозии шароити зисташон" аз бунёд бозпас гирифтаанд.

Эҳтимол меравад, ин 1 млрд долларро 78 ҳазор сокини Қазоқистон давоми 3,5 ҳафтаи ахир аз бунёд бозпас гирифта бошанд.

"78 ҳазору 74 дархост бо маблағи умумии бештар аз 1 млрд доллар иҷро шуд. 8 ҳазору 636 дархости дигар дар навбати иҷро қарор дорад", - хабар доданд аз бунёди ягонаи нафақаи Қазоқистон.

23 январ ба сокинони Қазоқистон иҷоза доданд, ки сармояҳои дар бунёди нафақа гузоштаашонро бозпас гиранд.

Тоҷирони манзилҳо мегӯянд, дар ҳафтаҳои охир хариди манзил дар Қазоқистон афзудааст. Ба ин тартиб, сокинони Қазоқистон сармояҳои дар бунёди нафақа гузоштаашонро бозпас гирифта, ба хариди манзил сарф кардаанд.

XS
SM
MD
LG