Ссылки доступа

Беш аз 4 млн сокини Узбекистон то охири сол ваксинаро дарёфт мекунанд


Шумори одамоне, ки дар Узбекистон дар марҳалаи аввал ба ваксинаи зидди коронавирус ниёз доранд, ба 4 112 668 мерасад.

Ба гуфтаи раиси Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Узбекистон Вазира Муталова, ваксинаи зидди коронавирус бояд ба 1 085 797 одами аз 75 то 74-сола, 388 686 одами аз 75 то 84-сола, 139 280 одами аз 85-сола боло, 447 976 корманди тиб, 888 190 одами мубтало ба бемориҳои музмин (18-65-сола), 689 383 омӯзгор, 223 426 кормандони боғча, 180 000 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ гузаронида шавад.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 10 феврал дар як ҷаласаи видеоӣ хабар дода буд, ки дар он кишвар гузаронидани ваксинаи зидди коронавирус оғоз шудааст.

Дар ҳоли ҳозир расман гуфта нашудааст, ки ба сокинони Узбекистон кадом ваксинаи зидди коронавирус гузаронида мешавад.

XS
SM
MD
LG