Ссылки доступа

Сухангӯи президенти Қирғизистон: Ҷабборов дар барканории муфтӣ даст надорад


Сухангӯи президенти Қирғизистон Галина Байтерек гуфт, президент Содир Ҷабборов ба барканории Мақсатбек Токтомушев аз мақоми муфти ин кишвар рабте надорад.

Ба гуфтаи ӯ, дар шабакаҳое иҷтимоӣ навори садоие паҳн шуд, ки дар он марди ношиносе мегӯяд, Ҷабборов ба ӯ мақоми муфтии Қирғизистонро ваъда додааст ва вакили порлумон Орзубек Бурҳонов ва мансабдорони дигар ғайриқонунӣ Токтомушевро барканор карданд.

"Ин иттилоъ комилан беасос буда, хусусияти иғвоангезӣ дорад. Бархе гуруҳҳо мехоҳанд, дар ҷомеа ваҳму ташаннуҷро ба миён оранд", - гуфт Байтерек.

Додгоҳи Якуми майи Бишкек шаби 11 ба 12 феврал масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани муфтии он кишвар Мақсадбек Токтомушевро баррасӣ ва ӯро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод кард.

Дар ҷараёни бозпурсии сармуҳосиб маълум шудааст, ки муфтӣ дар содир кардани фасодкорӣ даст дорад. Маблағеро, ки сокинон барои адои маросими ҳаҷ дар ихтиёри Идораи маънавии мусалмонон қарор медоданд, муфтӣ ва дигар масъулони муфтиёт бар ивази баҳра ё фоиз ба дигарон қарз медодаанд.

Дар асоси нишондодҳои сармуҳосиб муфтии Қирғизистон бо гумони содир кардани ҷиноят рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ боздошт шуда буд.

КДАМ-и Қирғизистон гуфт, тафтишот нисбати идораи маънавии мусалмонон идома дорад.

Мақсадбек Токтомушеви 47-сола 6 соли ахир Идораи маънавии мусалмонони Қирғизистонро раҳбарӣ мекард.

XS
SM
MD
LG