Ссылки доступа

Саҳмияҳои "Транстелеком" ба нафъи ширкати набераи Назарбоев мусодира мешаванд


75 дарсади саҳмияҳои ширкати мухобиротии "Транстелеком", ки раиси шӯрои мудиронаш Нуралӣ Алиев, набераи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст, ба нафъи ширкати "Unit Telecom" мусодира мешавад.

Тасмими додани саҳмияҳои "Транстелеком" ба "Unit Telecom" бо ҳукумати Қазоқистон мувофиқа шуда, дар ин бора қарори сарвазири он кишвар Аскар Мамин низ 11 феврал ба имзо расидааст.

Хабаргузории КазТАГ бо истинод ба Kompra иттилоъ додааст, ки муассиси "Unit Telecom" Нуралӣ Алиев ва Дмитрий Покупателев ҳастанд. Алиев ва Покупателев узви шӯрои мудирони "Транстелеком" низ мебошанд.

Нуралӣ Алиев - набераи Нурсултон Назарбоев ва писари калонии Дариға Назарбоева аст. Падари Нуралӣ - Роҳат Алиев, сафири Қазоқистон дар Австрия, соли 2015 дар зиндони он кишвар, ба гуфтаи тафтишот, худкушӣ кардааст. Чанд сол пеш аз маргаш вай ба мухолифи давлати Қазоқистон табдил шуд ва никоҳаш бо Дариғаро бекор кард.

Алиеви хурдӣ аз соли 2014 то 2016 муовини раиси пойтахти Қазоқистон буд. Ӯ соли 2016 раиси шӯрои мудирони "Транстелеком" шуд.

Маҷаллаи Forbes дороии Алиевро 269 миллион доллар арзёбӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG