Ссылки доступа

Дабири кулли СПАД: дар мубориза бо терроризму қочоқи мухаддир ба Тоҷикистон кӯмак карда мешавад


Дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас бо дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насруллоҳ Маҳмудзода рӯзи 17 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Дар ин мулоқот баргузории ҷаласаи Кумитаи дабирони шӯрои амнияти СПАД баҳори соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаи амалисозии авлавиятҳои ҷониби Тоҷикистон дар бахши муқобила бо хатарҳои муосир дар давраи роҳбарии Тоҷикистон дар СПАД дар соли 2021 ба баррасӣ гирифта шуд.

Баъд аз зуҳри 17 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Станислав Зас баргузор шуд. Дар ин мулоқот мавзуъҳои таҳкиму сулҳу субот дар минтақаи зери масъулияти ин созмон, вокуниши сареъ ба таҳдидҳои муосир ва инчунин ҳамкориҳои кишварҳои узв дар масъалаҳои сиёсиву дипломатӣ, низомӣ-фаннӣ ва низомию иқтисодӣ баррасӣ шудааст.

Дар пасманзари раёсати Тоҷикистон дар СПАД Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон ба ҳадафи кишвар барои ҳамкориҳои танготанг бо котибот ва дигар бахшҳои ин созмон ишорат кардааст. Ҳамоҳангии кишварҳои узви СПАД ҷиҳати мавқеъгирӣ дар сиёсати хориҷӣ, наздик кардани назари кишварҳои узв дар масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз мавзуъҳои суҳбати онҳо будааст. Ҳамчунин ҷонибҳо омодагиҳо ба ҷаласаи Шӯрои вазирони хориҷии кишварҳои узви СПАД, ки қарор аст баҳори соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шавад, ба баррасӣ кашидаанд.

СПАД дар соли 1992 таъсис шуда, айни ҳол Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Арманистон ва Белорус аъзои он ҳастанд. СПАД бо ҳадафи "тақвияти сулҳ, амнияту устуворӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи дастаҷамъии истиқлол, ягонагии марзӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узв таъсис шудааст". Ахиран, ин ниҳод мегӯяд, дар ҳалли низои Озарбойҷону Арманистон саҳм гирифтааст. Дар ин созмон нақши асосӣ бо Русия аст ва ба ақидаи бархе аз таҳлилгарон, ҳадафи он нигаҳ дошти нуфузи Маскав дар қаламрави Шӯравии пешин дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG