Ссылки доступа

Сарвазири Гурҷистон ба хотири боздошти сиёсатмадори мухолиф истеъфо дод


Сарвазири Гурҷистон Георгий Гахария дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки аз мақомаш истеъфо додааст. Видеои суханронии сарвазир дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуд.

Георгий Гахария гуфт, ин тасмимро дар пайи ихтилофи назар бо Ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" роҷеъ ба амалиёти қудратиҳои ин кишвар дар қароргоҳи Ҳизби мухолифи "Ҳаракати ягонаи миллӣ" гирифтааст.

Ин амалиётро Вазорати умури дохилии Гурҷистон барои боздошти раиси ҳизби мухолиф Никора Мелия тарҳрезӣ карда буд. Додгоҳи Тифлис ахиран қарор кард, ки Мелия барои напардохтани замонатпулӣ ба маблағи $21 000 дар доираи парвандаи кушиши ғасби қудрат аз роҳи зурӣ ва ташкили хушунати гуруҳӣ нисбат ба кормандони пулис дар шаби 21 июни соли 2019 ба ҳабс гирифта шавад.

Георгий Гахария изҳор дошт, ки бо қарори додгоҳ розӣ аст, вале наметавонад масъулияти оқибатҳои амалиёти қудратиҳо дар қароргоҳи ҳизби мухолифро бар зимма бигард.

Георгий Гахария баъди истеъфои Мамуки Бахтадзе дар моҳи сентябри соли 2019 сарвазири Гурҷистон шуда буд.

XS
SM
MD
LG