Ссылки доступа

Дар Қарақалпоқистон баъди пайдо кардани устухони харҳо макони ғизоҳои умумиро месанҷанд


Баъди пайдо шудани устухони зиёди харҳо дар як макон дар ноҳияи Элликаллини Қарақалпоқистони Узбекистон мақомоти маҳаллӣ тафтиши ошхонаву дуконҳои гӯштро шуруъ карданд.

Мақомоти беҳдоштӣ тафтиш дорад, ки оё гӯшти хар ба маконҳои ғизои умумӣ роҳ ёфтааст ё на.

Достон Болтаев, як фаъоли маҳаллӣ чанд рӯзи пеш дар ноҳияи Элликкалин устухони зиёда аз 50 харро пайдо кард.

"Вақте ба боқимондаи устухонҳо менигаред, бовар ҳосил мешавад, ки харҳоро қассоби касбӣ куштааст", - мегӯяд Достон Болтаев.

Мақомот айни замон тафтиш доранд, ки харҳо ба чӣ хотир кушта шуда ва гӯшташон куҷо шудааст.

XS
SM
MD
LG