Ссылки доступа

Қазияи пурсарусадои қочоқи 90 кг тилло. Се корманди Хадамоти гумрук боздошт шудаанд


Се корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар робита ба талоши гузарондани 90 килограмм тилло ва 15 миллион доллар аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар боздошт шудаанд.

Аз интиқоли ин миқдор тилло ва маблағ моҳи ноябри соли гузашта дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешгирӣ шуда буд.

Раҳмоналӣ Раҳимзода, як масъули Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, моҳи ноябри соли гузашта як гурӯҳ талош карданд, ки ин миқдор тилло ва пулро аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва сипас ба шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб расонанд.

Ба гуфтаи ӯ, се корманди Хадамоти гумрук, ки дар гузаргоҳи Панҷи Поён кор мекарданд, барои "дуруст наомӯхтани ҳуҷҷатҳо ва хунукназарӣ", муттаҳам мешаванд. Ӯ афзуд, ки ҷамъан 7 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин робита боздошт шудаанд ва парвандаи онҳоро Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиш мекунад.

Қаблан расонаҳои маҳаллӣ аз талоши интиқолу боздошти афроде барои 90 килограмм тилло ва 15 миллион доллар аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дода буданд. Аммо намояндагони Хадамоти гумрук дар нишасти хабарии рӯзи 18-уми феврал гуфтанд, ки ин афрод аз сӯи кормандони Додситонии кул боздошт шудаанд.

Ҳанӯз номи афроде, ки даст ба ин кор задаанд ва низ исми кормандони боздоштшудаи Хадамоти гумрук, ошкор нашудааст. Бархе расонаҳо қаблан навиштанд, ки дар ин кор ду писари раҳбари пешини кони тиллои Шугнов даст доранд.

Дар ҳоли ҳозир 90 кило тилло бо нархи Бонки миллии Тоҷикистон 59 миллиону 611 ҳазору 500 сомонӣ арзиш дорад. Илова бар ин, 15 миллион доллари дигар, ин қочоқ хеле ҳаҷми бузург аст ва маълум нест, ки омилони онро чанд соли зиндон дар интизор аст.

XS
SM
MD
LG