Ссылки доступа

Дар канори "қасри Путин" "хонаи боҳашамат"-и патриарх Кириллро пайдо карданд


Нашрияи "Расонаҳои боз" таҳқиқоти рӯзноманигориеро таҳти унвон "роҳнамои Ривери Путин" нашр кард.

Дар он дар бораи қитъаҳои замин ва иншооти ғайриманқуле иттилоъ дода шудааст, ки дар канори "қасри Путин" дар минтақаи Геленҷики соҳили баҳри Сиёҳ ҷойгир ҳастанд.

Дар таҳқиқоти рӯзноманигорӣ бо такя ба санадҳои Росреестр ва нақши сокинони маҳаллӣ гуфта шудааст, дар наздикии "қасри Путин" манзилҳои қасрмонанди дигар пайдо гариданд, ки ба афроди наздик президенти Русия тааллуқ доранд.

Миёни манзилҳои навпайдошуда иншооте ҳастанд, ки ба Олег Дерипаска, Юрий Ковалчук ва патриарх ё руҳонии рус Кирилл тааллуқ доранд.

XS
SM
MD
LG