Ссылки доступа

Ҷабборов гуфт, зидди сиёсисозии мақоми забони русӣ дар Қирғизистон аст


Нашрияи ҳукуматии Қирғизистон "Сухани Қирғизистон" 18 феврал матлаби президенти ин кишвар Содир Ҷабборовро дар бораи муносибатҳои Бишкеку Москваи расмӣ таҳти унвони "Равобити ҳампаймонӣ" нашр кардааст.

Дар ин матлаб омадааст, ки "Қирғизистон солҳои тӯлонӣ бо Русия "дасти ба даст" зиндагӣ ва рушд карда, забони русӣ на танҳо забони расмӣ, балки забони гуфтугӯии миёни миллатҳо дарон кишвар аст".

Ҷабборов гуфтааст, мақоми забони русӣ дар қонунгузории Қирғизистон ба таври устувор дарҷ шуда, худи ӯ "зидди ҳама гуна талошҳо барои сиёсӣ гардонидани ин масъала дар кишвараш аст".

Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон охирҳои моҳи январи соли равон хабар дода буд, ки Ҷабборов нахустин сафари хорҷияшро ба Русия анҷом хоҳад дод. Ахиран маълум шуд, ки ӯ "дар арафаи чорабинии байналмилалӣ дар сатҳи олӣ" ба низоми кори фосилавӣ гузаштааст.

XS
SM
MD
LG