Ссылки доступа

"Қонуншиканӣ"-и муфаттишон дар рафти таҳқиқи парвандаи қатли Жанболат Оғодил


Вакилони дифои гумонбарон дар куштори қатли Жанболат Оғодил, шаҳрванди 17-солаи Қазоқистон аз хунукназарии муфаттишон дар рафти таҳқиқи парванда шикоят доранд.

Ҳоло дар курсии айбдорӣ шаш нафар нишаста, панҷ тани онҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Зидди гумонбарон бар асоси бандҳои "Авбошӣ", "Куштор" ва "Пинҳонсозии ҷиноят" парванда боз шудааст.

Гумонбарон 14 феврал дар мурофиа ба додраси парванда изҳори нобоварӣ карда, хостанд, ӯ иваз карда шавад.

Вакили дифои яке аз гумонбарон Мадияра Сидиқа низ аз додрас хост, зидди муфаттишоне, ки дар рафти таҳқиқи парванда ба "қонуншиканиҳои ошкоро" даст задаанд, чора андешида шавад.

"Шахси зери ҳимояи ман бо айбнома пурра ошно нашудааст. Пулис ба гумонбарон таҳдид карда, баёноти дилхоҳро гирифтааст", - гуфт ӯ.

Жанболат Оғодил шаби 11 ноябр дар шаҳри Нурсултон кушта шуд. Як рӯз баъд пулис эълом кард, ки гумонбарони қатли ӯро боздошт кардааст. Пулис гуфт, гуруҳе аз ҷавонон он шаб занозанӣ кардаанд, ки дар натиҷа Жанболат "аз зарби корд" кушта шудааст.

Давлат Оғодил, падари Жанболат яке аз фаъолони иҷтимоии Қазоқистон буд, ки дар бисёре аз гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ширкат меварзид. Шаби 24 феврал ӯро аз манзили зисташ ба идораи пулис бурданд ва субҳ ба пайвандонаш хабар доданд, ки вай дар боздоштгоҳ вафот кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ марги Давлат Оғодилро "куштори сиёсӣ" унвон карданд.

XS
SM
MD
LG