Тавре дар Кохи сафед гуфтанд, Байден мехоҳад, ин ваъдаи худро дар рафти саммити онлайнии "Ҳафтгонаи бузург" расонаӣ кунад.
Мақомҳои баландпояи маъмурияти президенти ИМА мегӯянд, Вашингтон барои барномаи байналмилалии COVAX, ки барои таъмини тақсими одилонаи ваксина дар саросари ҷаҳон тарҳрезӣ шудааст, ду миллиард доллар ҷудо мекунад. Ду миллиард доллари боқӣ дар давоми ду сол, вақте кишварҳои дигар уҳдадориҳои худро иҷро карданд, ҷудо хоҳад шуд.
COVAX — як тарҳи байналмилалӣ аст, ки ҳадафи он харид ва паҳн кардани ваксина, ҳадди ақал барои 20 дарсади гуруҳҳои осебпазиртари кишварҳои гуногун мебошад. Барнома барои он таҳия шудааст, ки кишварҳои фақир низ тавонанд сокинони худро бо ваксина таъмин созанд.