Ссылки доступа

Исроил мегӯяд, коромадии ваксинаи "Пфайзер Бионтек" собит шуд


Вазорати тандурустии Исроил мегӯяд, таҳқиқот дар миёни мардуми ваксинагирифта аз коронавируси нав нишон додааст, ки ваксинаи Пфайзер Бионтек 99 дар сад аз бемории COVID-19 ва марг аз он пешгирӣ мекунад.

Исроил, ки дар ваксинзании мардумаш дар ҷаҳон пешсаф аст, пажуҳиши фарогире дар миёни мардум ваксина гирифта анҷом додааст. Вазорат дар ин бора рӯзи 21-уми феврал хабар дод. Дар Исроил, ки аҳолиаш 9 миллион нафар аст, тақрибан нисфи онҳо ваксинаи аввал ва 3 миллион нафари дигар ваксинаи дуввумро гирифтаанд.

Вазорати тандурустӣ гуфтааст, ваксина то 98.9 дар сад аз марг пешгирӣ мекунад ва онҳое, ки ваксинаи дуввумро гирифтаанд, тақрибан ба бемориҳои сахт гирифтор намешаванд. Бино ба гуфтаи вазорати тандурустии Исроил, таҳқиқот возеҳ нишон додааст, ки онҳое, ки ваксинаи дуввумро гирифтаанд, дар муқоиса ба афроди ваксина нагирифта аз сирояти коронавирус эмин мондаанд.

Натиҷаҳои таҳқиқоти озмоишгоҳӣ нишон дода буд, ки ваксинаи Пфайзер Бионтек хатари сирояти коронавируси навро 95 дар сад кам мекунад. Исроил қасд дорад, то моҳи март тамоми мардуми аз 16-сола болоро ваксина бизанад.

XS
SM
MD
LG