Ссылки доступа

Манбаъ: домоди президенти Узбекистон баъди садама дар хориҷ табобат мегирад


Отабек Умаров
Отабек Умаров

Отабек Умарови 36-сола, домоди хурдии президенти Узбекистон баъди як садамаи нақлиётӣ, ки шоми 13 феврал рух дод, 15 феврал бо як ҳавопаймои махсус нахуст ба Москва ва баъдан ба Куриёи Ҷанубӣ интиқол дода шуд.

Отабек Умаров солҳои 2012 то 2016 дар Сеул, пойтахти Куриёи Ҷанубӣ фаъолият дошт ва бо забони куриёӣ озодона суҳбат мекунад. Вай баъди садама гуфтааст, мехоҳад дар Куриёи Ҷанубӣ табобат гирад.

Отабек Умаров, ки ҳамзамон муовини сардори Хадамоти амнияти роҳбари давлати Узбекистон аст, шоми 13 феврал дар маркази шаҳри Тошканд ба садамаи автомобилӣ дучор шуд.

Манобеъ мегӯянд, Отабек Умаров бо мототсикл садама карда ва пояш ҷароҳат бардоштааст.

Ба иттилои манобеъ, ӯро нахуст дар беморхонае дар Тошканд бистарӣ ва пояшро шаш соат ҷарроҳӣ кардаанд. Гуфта мешавад, пои рости вай аз 3 ҷо шикастааст.

Сомонаи flightaware.com, ки ба пайгирии парвози ҳавопаймоҳо машғул аст, нишон медиҳад, ҳавопаймои як ширкати хусусии тиббӣ аз шаҳри Ҳамбурги Олмон ба Тошканд омада, рӯзҳои 14 ва 15 феврал дар фурудгоҳи Тошканд қарор доштааст.

Пештар аз ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари бо суръати баланд рондани нақлиёт аз сӯи Отабек Умаров нашр мешуд. Тобистони соли 2019 вай дар кӯчаҳои Тошканд мошини навъи Tesla-ро бо суръати 200 км/соат ронд ва барои ин амал бештар аз 200 доллар ҷарима шуд.

XS
SM
MD
LG