Ссылки доступа

Як қирғизистонии маълулро дар Москва бо айби омодагӣ ба теракт 7 сол зиндонӣ карданд


Додгоҳи низомие дар шаҳри Москва рӯзи 19 феврал Талант Онурови 32-сола, шаҳрванди Қирғизистонро 7 сол зиндонӣ кард.

Ӯро дар омодагӣ ба теракт ва тарғиби терроризм дар интернет айбдор карданд.

Онуров ҳамчунин баъд аз адои ҳукм барои чаҳор сол аз истифодаи интернет маҳрум шудааст.

Мақомоти тафтишотии Русия мегӯянд, Онуров моҳи сентябри соли 2019 ба Русия омада, ба теракт омодагӣ медидааст. Вай дар пойтахти Русия барои худ ҳаммаслак ҷустааст. Вай моҳи октябри соли 2019 боздошт шуд. Мақомоти Русия хабар намедиҳанд, ки Онуров дар куҷо теракт анҷом медод ва омодагии вай аз чӣ иборат буд.

Модари Онуров мегӯяд, шунавоии писараш кам аст ва вай барои кор кардан ва харидани дастгоҳи садоафзо аз Балиқчӣ ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба мардикорӣ рафта буд. Модари Онуров мегӯяд, писараш тундгаро набуд.

"Бовар надорам, ки писари ман террорист бошад. Вай дар бораи терроризму ислом ҳеч иттилое надорад. Вай дар умраш ба ибодат нарафтааст. Гоҳ-гоҳе намози ҷумъа мерафт. Бо бегонагон робита надошт. Вай қурбонӣ шуд", - гуфт модари Онуров.

Бархе аз қирғизистониҳо гуфтанд, шахсе шабеҳ ба Онуров дар шаҳри Москва ба гадоӣ машғул буд ва дар кӯчаҳо мехуфт.

Баъди ин хабарҳо, Онуров бо волидонаш тамос гирифт ва гуфт, ки воқеан дар шаҳри Москва аст. Вай гуфт, пулис ӯро боздошт кардаву ҳуҷҷатҳояшро гирифтааст ва барои баргардонии ҳуҷҷатҳояш 3 ҳазор рубли русӣ даркор аст. Онуров ҳамзамон аз волидонаш хоста буд, ки ӯро аз Русия ба Қирғизистон баргардонанд.

XS
SM
MD
LG