Ссылки доступа

Кремл табодули шаҳрванди Исроил дар ивази ваксинаро шарҳ намедиҳад


Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар шарҳи хабари интиқоли ваксинаи русии зидди коронавирус - "Спутник V" ба Димишқ дар доираи табодули эҳтимолии як шаҳрванди боздоштшудаи Исроил гуфт, Кремл кумак ба Сурияро идома хоҳад дод.

Хабари боздошт шудани шаҳрванди Исроил дар Сурияро нашрияи The New York Times нашр кард. Ба иттилои манбаъ, ин зан гӯиё марзи Сурияро бидуни огоҳӣ убур кардааст ва Сурия низ гуфтааст, агар Исроил барои Димишқ ваксинаи русии зидди коронавирус бихарад, шаҳрванди боздоштшудаашро раҳо хоҳад кард.

Пештар нахуствазири Исроил Бинёмин Натаняҳу гуфт, бо президенти Русия Владимир Путин ду бор суҳбати телефонӣ анҷом дода, дар раҳоии шаҳрванди кишвараш аз боздоштгоҳи Сурия кумак хостааст. Ин суҳбатҳо рӯзҳои 8 ва 13 феврал анҷом шудаанд ва шаҳрванди Исроил низ нахуст ба Москва интиқол ёфта, 19 феврал ба ватан баргаштааст.

Исроил низ гӯиё дар иваз ду чупони боздоштшуда дар баландиҳои Ҷулонро ба Сурия супурдааст.

Аммо расонаҳо менависанд, ки табодули асирон танҳо як расмиёт буд ва Димишқ шаҳрванди Исроилро бар ивази ваксинаи русии зидди коронавирус раҳо кардааст. Нашрияи исроилии "Haaretz" менависад, ки сухан аз садҳо ҳазор моя ваксина меравад.

XS
SM
MD
LG