Ссылки доступа

Дар Узбекистон сокинон аз коронавирус дида, бештар зери чархи мошин ҷон медиҳанд


Масъулони Раёсати бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Узбекистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Тошканд иттилоъ доданд, ки соли гузашта бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар он кишвар 1962 одам ҷон бохтааст.

Бино ба иттилои расмӣ, соли 2020 дар роҳҳои Узбекистон ҳудуди 7 ҳазор садамаи нақлиётӣ рух додаааст. Аз ин миён, 1689 садама бо фоҷеа анҷомида, бар асари онҳо 1962 кас ҳалок шудааст.

Шумори садамаҳои нақлиётӣ дар соли 2019 ба 8092 расида, дар натиҷаи онҳо 2094 одам ҷон додааст. Яъне, шумори садамаҳо дар соли гузашта назар ба соли 2019 гӯиё 13% ва теъдоди қурбониён 6,3% коҳиш ёфтааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Узбекистон, теъдоди сокиноне, ки бар асари коронавирус ҷон додаанд, ба 621 кас расидааст. Шумори расмии мубталоён ба ин навъи вирус то 20 феврал 79 654 касро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG