Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои нав зидди мақомдорони Русияро ҳамоҳанг кард


Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар мулоқоти рӯзи 22 феврал дар Брюссел ба созиш расиданд, ки нисбати чаҳор мақомдори баландпояи Русия, дар посух ба таъқиби мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний, таҳрим ҷорӣ кунанд.

Таҳримҳо бояд то ибтидои моҳи март омода шаванд.

Дар ҷараёни мулоқот номи касоне баррасӣ шуд, ки бояд шомили таҳримҳо шаванд. Расонаҳо навиштанд, мушаххасан сардори Кумитаи тафтишотии Русия, мудири Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо, сардори Росгвардия ва додситонии кулли Русия таҳрим хоҳанд шуд.

Кишварҳои ИА бар ин боваранд, ки таъқиби Навалний ангезаи сиёсӣ дорад ва онҳо аз Русия хостанд, ки ӯро фавран озод кунад. Ин даъват нодида гирифта шуд ва рӯзи 20 феврал Додгоҳи Москва қарори зинаи поёнии додгоҳро дар мавриди табдили зиндони шартии Навалний ба зиндони воқеиро тасдиқ кард.

Ҳамсафони Алексей Навалний Леонид Волков ва Иван Жданов ахиран дар як нишасти маҷозӣ бо вазирони корҳои хориҷии ҳашт кишвари ИА хостанд, афроди наздик ба Путин шомили таҳримҳо шаванд. Ба гуфтаи Волков, Кремл танҳо гуфтугӯ аз мавқеи "зурро" қабул дорад ва танҳо таҳримҳои мустақим ба атрофиёни Путин метавонад, ба озодии Навалний замина гузорад.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров пештар гуфта буд, ки Москва ба барҳам задани муносибот бо ИА "омода аст", агар Брюссел таҳримҳои сахт ҷорӣ кунад. Русия ИА-ро дар дахолат ба умумри дохилии Русия айбдор мекунад. Русия пойфишорӣ дорад, ки зиндонӣ сохтани мухолифи ҳукумат ба сиёсат рабте надорад.

XS
SM
MD
LG