Ссылки доступа

Пулис роҳбари мухолифони Гурҷистонро боздошт шуд


Кормандони пулиси Гурҷистон ба хонае ҳамла бурданд, ки роҳбари мухолифони он кишвар, раиси ҳизби "Ҳаракати ягонаи миллӣ" Ника Мелия қарор дошт.

Пулис аз гази ашковар истифода бурд ва дар ниҳоят Мелияро боздошт кард.

Амалиёти махсус дар қароргоҳи ҳизби мухолиф ба анҷом расид. Ба иттилои расонаҳо, Мелияро бо мошинҳои зиреҳпӯш аз қароргоҳи ҳизб бурданд.

Ҳамла ба қароргоҳи ҳизби "Ҳаракати ягонаи миллӣ" субҳи рӯзи 23 феврал шуруъ шуд. Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон аз ҳаводорони мухолифон даъват кард, ба боздошти Ника Мелия монеъ нашаванд.

Мелия дар ташкил ва роҳбарии хушунати гуруҳӣ, инчунин ширкат дар бетартибиҳои рӯзи 20 июни соли 2019 айбдор мешавад. Пештар порлумони Гурҷистон дахлнопазирии ӯро бекор кард ва додгоҳ иҷоза дод, ки вай боздошт шавад.

Сарвазири Гурҷистон Георгий Гахария рӯзи 18 феврал ба истеъфо рафт. Вай гуфт, дар мавриди иҷрои ҳукми додгоҳ нисбати боздошти Ника Мелия бо мақомоти дигари Гурҷистон вориди ихтилоф шудааст.

Ахиран порлумони Гурҷистон Ираклӣ Гарибашвилиро дар мақоми сарвазири нав таъйин кард. Гарибашвилӣ Ника Мелияро "ҷинояткор" унвон ва эълом кард, ки қарори додгоҳ нисбати вай иҷро хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG