Ссылки доступа

Интиқоли 90 ҳазор моя ваксинаи истеҳсоли Қарағанда ба минтақаҳои Қазоқистон


Сухангӯи ширкати "СК-Фарматсия" Серик Мукашев гуфт, рӯзҳои наздик эмкунии сокинони Қазоқистон зидди коронавирус бо ваксинае оғоз хоҳад шуд, ки дар Маҷмааи дорусозии вилояти Қарағандаи ин кишвар истеҳсол мешавад.

"Имрӯз интиқоли ваксинаи "Спутника V" аз Маҷмааи дорусозии Қарағанда ба минтақаҳо расман оғоз мешавад", - гуфт Мукашев.

Ба гуфтаи ӯ, қарор аст, муовини сарвазири Қазоқистон Ералӣ Тугжанов 23 феврад дар доираи як сафари корӣ аз маҷмааи мазкур боздид ва дар маросими оғози интиқоли ваксина иштирок кунад.

"90 ҳазор моя ваксинаи "Спутника V"​ ба шаҳрҳои Нурсултон, Алмато, Чимкент ва Оқтеппа интиқол дода мешавад", - изҳор дошт Мукашев.

Мақомоти Қазоқистон охирҳои моҳи декабри соли гузашта хабар доданд, ки дар Маҷмааи дорусозии Қарағанда истеҳсоли ваксинаи русӣ низ оғоз шудааст. Дар Қарағанда қарор аст, тадриҷан ду миллион моя ваксина истеҳсол шавад.

XS
SM
MD
LG