Ссылки доступа

Фаъоли гуруҳи модарони серфарзанди Қазоқистон 10 рӯз ҳабс шуд


Фируза Ордабекова, фаъолои гуруҳи модарони серфарзанд дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон 10 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуд.

Дар қарори додгоҳ омада, ки Ордабекова 25 январ дар тазоҳуроти бидуни иҷозат дар назди бинои ҳукумати Қазоқистон иштирок ва банди 488 Кодекси маъмурии ин кишвар - "тартиби ташкил ва баргузории ҷамъомадҳои осоишта"-ро нақз кардааст.

Вале худди фаъоли мадании қазоқ ин айбро рад мекунад.

Яке аз фаъолони дигари қазоқ гуфт, пулис Фируза Ордабековаро 22 феврал замоне боздошт кард, ки ҳамроҳи модарони серфарзанд барои ташкили як тазоҳурот ба самти Нурсултон мерафтанд.

XS
SM
MD
LG