Ссылки доступа

Шаҳрдори Хуҷанд дастур дод, сохтмони як биноро боз доранд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ҳамсари Маҳмурод Одинаев мехоҳад, фарзандонашро озод кунанд. Ҳамсари пешини Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ, ки ба 14 соли зиндон маҳкум шудааст, худро ба ҳар даре мезанад, то фарзандонашро раҳо кунанд. Яке дар боздоштгоҳ аст, дигарӣ ҷарима шудааст. (видео)

- Шаҳрдори Хуҷанд дастур дод, сохтмони як биноро боз доранд. Баъди ҷанҷолу кашмакаши дарози додгоҳӣ дар Хуҷанд ва оғози сохтмони як бино шаҳрдор дастур додааст, сохтмони бино мутаввақиф шавад. (видео)

- Табибон мегӯянд, баъди гирифтани ваксина бепарво набошед. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ҳар каси ваксина гирифта бар зидди COVID-19 барои дигарон амн мешавад. Вале табибон мегӯянд, баъди гирифтани ваксина бояд эҳтиёт кард. (видео)

- Танзими "мактаби ҳушманд" дар Душанбе (видео)

- Сокинон дар бораи шеваи нави хидмат дар артиши Тоҷикистон чӣ мегӯянд? (видео)

- Оё Баҳром Ҳамроев мисли Каромат Шарипов аз шаҳрвандии Русия маҳрум хоҳад шуд? (видео)

- Саидамир Зуҳуров. Генерале, ки ҷонашро барои озодии дигарон гарав гузошт. Саидамир Зуҳуров, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, муовини сарвазир, Вазири корҳои дохилӣ ба синнӣ 70 расид. Ҳоло ӯ дар ҳалқаи фарзандону наберагон даврони пирӣ меронад. (видео)

- "Дар ҷабҳаи аввал"- филми мустанади Радиои Озодӣ. Саргузашти Шарифамоҳ Алиева ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ дар бемористони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар филми нави мустанди Радиои Озодӣ "Дар ҷабҳаи аввал". (видео)

- Ҷилавгирӣ аз қочоқи 90 кило тило ва 15 миллион доллар дар Тоҷикистон. Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз қочоқи 90 кило тило ва 15 миллион доллар ҷилавгирӣ кардааст. (видео)

- Андозбандии блогерҳои муваффақи тоҷик. Кумитат андоз рӯйхати блогерон ва овозхонҳои тоҷикеро тартиб додааст, ки минбаъд бояд аз даромади шабакаҳои иҷтимоияшон андоз супоранд. (видео)

- Кумитаи кор бо занон "муҷозоти муштариёни танфурӯшон"-ро пешниҳод кардааст. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG