Ссылки доступа

Хадамоти амнияти ИМА: ҳамла ба Капитолия ҳамоҳангшуда буд


Стивен Сунд выступает на слушаниях в Конгрессе
Стивен Сунд выступает на слушаниях в Конгрессе

Сардорони пулис ва ниҳодҳои дигаре, ки амнияти порлумони Амрикоро таъмин мекунанд, дар ҷаласаи Конгресс гуфтанд, ҳамла ба Капитолия дар рӯзи 6 январи соли равон ҳамоҳангшуда ва бо маслиҳати пешакии эътирозгарон сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи сардори пешини пулиси Капитолия Стивен Сунд, ҳамлагарон бо худ дастгоҳҳои махсус, аз ҷумла маводи тарканда доштанд. "Дар нуқтаҳои дуртар барои ҷалби таваҷҷуҳи кормандони пулис ба дигар самт ду бомби худсохт тарконида шуд", - изҳор дошт Сунд.

Раиси Кумитаи Сенат дар умури амнияти дохилӣ Гэри Питерс, гуфт, бар асоси натиҷаҳои пешакии таҳқиқе, ки Бюрои федеролии тафтишотии ИМА анҷом медиҳад, дар ҳамла ба Капитолия гуруҳҳои "Oath Keepers" ва "Proud Boys" даст доранд.

Тарафдорони раиси ҷумҳур Доналд Трамп рӯзи 6 январ бо зӯр вориди бинои порлумони Амрико шуданд ва ҷаласаи вакилонро, ки барои тасдиқи пирӯзии Ҷо Байден ҷамъ омада буданд, баҳам заданд. Новобаста аз онки дар онҷо хабарнигорони зиёд ва пулиси мусаллаҳ буд, тазоҳургарон хати амниятиро рахна карда ва ба дохил рафтанд.

Ба навиштаи Bloomberg, баъди бетартибиҳо зидди 50 кас парванда боз шудааст. Онҳо асосан дар ҳамла ва ғайриқонунӣ ворид шудан ба бинои Конгресс айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG