Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон дархости озодии пеш аз муҳлати "маҳбуси сиёсӣ"-ро рад кард


Додгоҳи шаҳри Капшагайи Қазоқистон дархости озодии пеш аз муҳлати фаъоли зиндонӣ Алмат Жумагуловро, ки аз сӯи ҳомиёни ҳуқуқи қазоқ "маҳбуси сиёсӣ" номида мешавад, рад кард.

Ин қарор 23 феврал содир шуда, додраси парванда гуфтааст, барои пеш аз муҳлат озод шудани Жумагулов асоси кофиеро намебинад.

Ин бори дувум аст, ки додгоҳ дархости пеш аз муҳлат озод шудани Жумагуловро рад мекунад.

Ҳамсари Жумагулов - Асел Копбосинова гуфт, бори охир шавҳарашро моҳи октябри соли гузашта дидааст ва вазъи сиҳатии Жумагулов, ки аз дарди меъда ранҷ мебарад, вайро сахт нигарон кардааст.

Алмат Жумагулови 47-сола яке аз се гумонбари парвандаи маъруф ба "ҷиҳодиён" аст, ки додгоҳи Қазоқистон 21 декабри соли 2018 ӯро дар таблиғи терроризм ва барангехтани адовати миллӣ айбдор ва 8 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

XS
SM
MD
LG