Ссылки доступа

Дар сафари расмии Ҷабборов ба Русия масъалаи ҷудо кардани қарз ба Қирғизистон баррасӣ мешавад


Имрӯз, 24 феврал сафари дурӯзаи президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Русия шуруъ шуд. Ин нахустин сафари хориҷии Ҷабборов ба ҳайси президент аст.

Дар рӯзи нахустини сафар Ҷабборов бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот мекунад.

"Масъалаи ҷудо кардани қарз ба Қирғизистон баррасӣ мешавад. Дар соли 2020 20 млн доллар ҷудо шуда буд. Барои ҷудо кардани қарзи иловагӣ гуфтугӯ сурат мегирад. Дар ин сафар ҳамчунин масъалаи кам кардани қимати газ баррасӣ хоҳад шуд", - гуфт вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев.

Пештар аз ин мақомоти расмии Қирғизистон гуфтанд, Ҷабборов дар ин сафар бо раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустин, раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ва раиси Думаи давлатии он кишвар Вячислав Володин низ мулоқот хоҳад кард.

Ба ҷуз ин, Ҷабборов бо намояндагони тиҷорати Русия, қирғизистониҳои муқими Русия ва донишҷӯёни қирғиз мулоқот мекунад.

Ҷабборов пеш аз сафараш ба Москва дар бораи муносибатҳои Қирғизистон бо Русия мақола навишт.

Ин дар ҳолест, ки президентҳои пешини Қирғизистон низ нахустин сафарҳои хориҷии худро ба Русия анҷом дода буданд. Танҳо Аскар Акаев истисност, ки вай бо нахустин сафари хориҷӣ ба Туркия рафта буд.

XS
SM
MD
LG