Ссылки доступа

Жерар Депардйе дар таҷовузи ҳунарманди 20-сола айбдор мешавад


Додситонии Фаронса зидди Жерар Депардйе-ҳунарманди синамои ин кишвар бо бандҳои таҷовуз ва хушунати ҷинсӣ парванда боз кардааст. Вай гӯиё соли 2018 ҳунарманди 20-солаеро ду бор таҷовуз кардааст, ки ба хонааш меомад. Вале худи Депардйе ин айбро рад мекунад.

Дар бораи боз шудани парвандаи ҷиноӣ зидди ин ҳунарманди маъруф расонаҳои Agence France-Presse ва BFM TV бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ медиҳанд. Ба гуфтаи манобеъ, ин ду ҳодиса рӯзҳои 7 ва 13 августи соли 2018 дар хонаи Депардйе дар шаҳри Порис рух додаанд. Тафтиши ҳодиса соли 2019 ба далели набудани далелҳои кофӣ қатъ шуда буд, вале дар пайи шикояти ҷониби даъвогар дубора оғоз гаштааст.

Депардйе яке аз ҳунармандони маъруфтарини Фаронса ба шумор рафта, дар давоми 50 соли фаъолияташ дар беш аз 200 филм нақш офаридааст. Ӯ соли 2013 бо фармони Владимир Путин шаҳрвандии Русияро гирифт. Вай баъди боло бурдани молиёт аз мардуми сарватманд дар Фаронса, шаҳрвандии Русияро гирифт ва шиносномаи русиро худи президент Владимир Путин ба ӯ дод.

XS
SM
MD
LG