Ссылки доступа

Ҷияни Ғафур-бойбача мегӯяд, бо фармони тағояш латтукӯб шудааст


Равшан Муҳиддинов, ҷияни 32-солаи тоҷир ва муштзани собиқи Узбекистон Ғафур Раҳимов, ки бо лақаби Ғафур-бойбача маъруф аст, бо нашри видеое дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе аз бераҳмиҳои олами ҷиноиро ошкор карда, мегӯяд, бо фармони тағояш сахт латтукӯб шудааст

Ба гуфтаи манбаъҳои сомонаи "Элтуз", Раҳимов аз соҳибнуфузони олами ҷиноии Озарбойҷону Қазоқистон -- Нодир Салифов ва Арман Ҷумакелдӣ хостааст, ки ҷияни ӯро латтукӯб кунанд.

Салифов ва Ҷумакелдиев Муҳиддиновро фиреб дода, 13 ноябри соли 2019 ба меҳмонсарои "Hyatt Regency"-и шаҳри Истамбули Туркия даъват мекунанд. Муҳиддиновро дар меҳмонсарой одамони мусаллаҳи ду соҳибнуфузи олами ҷиноӣ пешвоз гирифта, шадидан латтукӯб мекунанд.

Нофаҳмӣ миёни Муҳиддинов ва Раҳимов баъди он сар задааст, ки аввалӣ дар як баҳси манзил на ҷониби тағояш, балки ҷониби соҳибкор Ойбек Миралиев, маъруф ба "Ойбек-тухм"-ро гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки додгоҳи Ӯзбекистон моҳи июли соли 2020 баррасии парвандаи бародарони соҳибкор -- Ойбек ва Элдор Миралиевҳоро оғоз карда буд, ки дар азхудкунии 7 миллион доллари Ғафур Раҳимов айбдор мешаванд.

Ба гуфтаи айбдоркунандаи давлатӣ, гӯиё Миралиевҳо ба боварии Раҳимов ва хонаводаи ӯ даромада, ҷамъан 7 миллион доллар ва мошини гаронарзиши навъи "Mercedes-Benz Maybaсh"-и тоҷирро аз худ карда, ба ҳамсари Раҳимов - Лола Раҳимова ва хоҳари хурдияш Гузал Камолхоҷаева хисороти калон расонидаанд.

Вале вакилони дифои Ойбек Миралиев мегӯянд, тамоми айбҳои эъломшуда зидди шахси зери ҳимояи онҳо сохта мебошанд. Ба гуфтаи вакилон, "доираҳои манфиатдор бо зиндонӣ кардани Ойбек Миралиев мехоҳанд тамоми дороиҳои ӯро соҳиб шаванд".

Миралиевҳо соҳибкорони маъруфи ӯзбеканд, ки тиҷорати мурғпарварӣ дар Ӯзбекистонро дар даст доранд. Тибқи санадҳои дарёфтии бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ аз соли 2011, Ойбек Миралиев яке аз моликони корхонаи мурғпарварии "Сардоб Паранда"-и вилояти Навоӣ аст.

XS
SM
MD
LG