Ссылки доступа

Тазоҳуроти қазоқистониҳои норозӣ аз ҳукми додгоҳҳо дар назди маъмурияти президент


Ҳудуди 40 шаҳрванди Қазоқистон, ки аз ҳалномаҳои додгоҳӣ ва қарори ниҳодҳои давлатӣ норозӣ ҳастанд, 24 феврал дар назди бинои маъмурияти президенти он кишвар дар шаҳри Нурсултон ҷамъ шуданд.

Ҷамъшудаҳо бо талаби ташкили комиссияи байниидоравӣ барои бозбинии қарорҳо кушиш карданд, ба маъмурият ворид шаванд. Онҳо ҳудуди як соат дар назди бинои маъмурият истоданд, вале касе ба наздашон набаромад.

Сокини шаҳри Капшагай ва яке аз эътирозгарон Дауитбек Молдабаев гуфт, пештар ба унвони раиси дастгоҳи президенти Қазоқистон Ерлан Кошанов нома навишта, дархост карда буданд, ки онҳоро 24 феврал ба ҳузур пазирад, вале посухе нагирифтанд.

"Ба Додситонии кул ва Додгоҳи олӣ шикоят кардем. Чандин муроҷиатнома нашр намудем, вале бо вуҷуд посухе нагирифтем. Мо беҳуда ба онҳо эътимод кардем ва ҳоло маҷбур шудем, ба инҷо биёем", - изҳор дошт Молдабаев.

Эътирозгарон гуфтанд, дар Қазоқистон дигар ниҳоди дахлдоре намондааст, ки онҳо муроҷиат накарда бошанд. Бархе аз онҳо афзуданд, ки роҳи бурунрафт аз мушкили худро дар муроҷиат ба раҳбарони кишварҳои демократӣ ва вакилони порлумони Аврупо мебинанд.

XS
SM
MD
LG