Ссылки доступа

Куриёи Шимолӣ маҳбусони сиёсиро дар кони ангишт кор мефармояд


Мақомоти Куриёи Шимолӣ аз меҳнати маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла кӯдакон, дар истихроҷи ангишт истифода мекунад. Ангишти истихроҷшуда ба хориҷ меравад ва бо даромад аз ин ҳисоб Пхенян барномаи рушди мушакиашро густариш медиҳад.

Дар ин бора Эътилои шаҳрвандӣ барои ҳуқуқи инсон дар Куриёи Шимолӣ хабар медиҳад. Ин эътилоф дар Куриёи Ҷанубӣ қарор дорад.

Ҳомиёни ҳуқуқ таҳти унвони "Содироти ангишти хунолуд аз Куриёи Шимолӣ: даромади аҳромӣ, ки ҳукуматро сари по нигаҳ медорад" гузорише таҳия кардаанд. Дар ин гузориш шакли истифодаи меҳнати зиндониёни сиёсӣ тасвир шудааст.

Айни ҳол СММ хариду фурӯши ангиштро аз Куриёи Шимолӣ манъ кардааст. Манъи хариду фурӯши ангишти Куриёи Шимолӣ аз сӯи СММ ба хотири пешгирӣ аз сохти силоҳи қатли ом унвон шудааст. Бино ба баҳогузории СММ, дар маҷмуъ то 200 ҳазор маҳбуси сиёсӣ дар урдугоҳҳои меҳнати иҷбории Куриёи Шимолӣ нигаҳ дошта мешаванд. Маҳбусон бо шиканҷа, таҷовуз, меҳнати иҷборӣ, гуруснагӣ ва дигар муносибатҳои ғайриинсонӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, гуфта шуда буд дар гузориши СММ дар соли 2014.

Бино ба гузориши дигари СММ, ки соли 2018 нашр шуд, Куриёи Шимолӣ тавонистааст, ки эмбаргои байналхалқиро давр занад ва аз ҳисоби содироти чанд навъи маҳсулот ба хориҷ дар соли 2017 қариб 200 миллион доллар даромад кардааст. Бархе аз маҳбусони сиёсӣ, ки ба хориҷ аз Куриёи Шимолӣ фирор карданд, нақл карда буданд, ки Куриёи Шимолӣ аз ҳисоби истифодаи меҳнати маҳбусони сиёсӣ дар соли 2016 8 миллион тонна ангишт истихроҷ кардааст.

XS
SM
MD
LG