Ссылки доступа

Донишгоҳи муштараки Қирғизистону Узбекистон мақоми байналхалқӣ гирифт


Донишгоҳи муштараки Қирғизистону Узбекистон воқеъ дар шаҳри Ӯши Қирғизистон табдили ном кард.

Ин донишгоҳ ҳамакнун рӯзи 24 феврал расман Донишгоҳи байналхалқии Қирғизистону Узбекистон ба номи Ботиралӣ Сиддиқов унвон шуд.

Аз вазорати маориф ва илми Қирғизистон хабар доданд, бо дархости сокинони маҳаллӣ чунин тасмим гирифта шудааст.

Ботиралӣ Сиддиқов ходими давлативу ҷамъиятӣ, доктори илмҳои фалсавӣ ва яке аз нахустин вакилони порлумони Қирғизистони соҳибистиқлол аст. Вай узви ифтихории Ҷамъияти файласуфони Узбекистон, профессори фахрии Академияи илмҳои Қазоқистон ва Академияи илмҳои Қирғизистон буд.

XS
SM
MD
LG