Ссылки доступа

Фармондеҳи Ситоди муштараки СПАД аз хатари ҷангҷӯёни он сӯи марз ҳушдор дод


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Фармондеҳи Ситоди муштараки Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ гурӯҳи ДОИШ ё "Давлатӣ исломӣ"-ро таҳдиди аслӣ паҳншавии терроризми байналмилалӣ дар кишварҳои узви ин созмон номид.

Анатолий Сидоров, фармондеҳи Ситоди муштараки СПАД, ки рӯзи 25-уми феврал аз тариқи онлайн дар як нишасти матбуотӣ сӯҳбат мекард, шумораи ҷангҷӯёни Толибонро дар Афғонистон 70 ҳазор, гуруҳи "Давлати исломӣ"-ро 4 ҳазор, Ҳаракати исломии Узбекистонро 2,5 ҳазор нафар ном бурд, ки дар марзҳои ҷанубии СПАД ҷамъ шудаанд.

Вай афзуд, "эстремистҳо то ҳанӯз қаламрави бузурги Афғонистонро зери назорати худ қарор дода, дар ин авохир бештар дар шимол, ҷануб ва ҷануб-шарқ фаъол шудаанд. Шумораи умумии ин гуруҳҳо дар ноҳияҳои марзӣ бо Тоҷикистон ва Турманистон ба 15 ҳазор нафар мерасад".

Фармондеҳи ситоди муштараки СПАД заъфи мақомоти низомии Афғонистон дар муқобила бо гуруҳҳои террористӣ ва ҳамзамон хуруҷи саросемавори неруҳои низомии хориҷӣ аз ин кишварро ба манфиати ин гуруҳҳо ва афзоиши шумораи ҷонибдорони гуруҳҳои тундрав номид.

Ба гуфтаи Анатолий Сидоров, дар ин марҳила берун шудани нерӯҳои хориҷӣ аз қаламрави Афғонистон боиси ташаннуҷи вазъ ва интиқоли фаъолияти террористон ба қаламрави кишварҳои Ссиёи Марказӣ мегардад .

Фармондеҳи ситоди муштараки СПАД аз таҳдидҳои дигаре ба кишварҳои узви ин созмон ном бурд.

Таҳлилгарон дар шароити феълӣ таҳдиди аслӣ ба қаламрави кишварҳои узви СПАД-ро аз марзҳои ҷанубӣ ном мебаранд ва таъкид мекунанд, ки дар ҳамин шароит таваҷҷуҳи қобили мулоҳизаи ин созмон маҳз ба ин минтақа нигаронида шавад.

Ба бовари Илҳом Назриев, хабарнигори тоҷик, ки масоили Афғонистонро пайгирӣ мекунад, вазъи ҷангӣ ба вижа дар вилоятҳои Тахор, Бадахшон ва Кундуз ҳаммарз бо Тоҷикистон, дар ҳоли бадтар шудан аст.

Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи Ситоди муштараки СПАД хабар дод, ки бо манзури вазъи нигаронкунандаи Афғонистон ин созмон дар Тоҷикистон 3 машқи низомии ин созмонро баргузор хоҳад кард.

Тоҷикистон бо Афғонистон бештар аз 1400 километр марзи муштарак дорад, ки бештарини он дар минтақаҳои куҳистонии назораташ мушкил тул кашидааст.

XS
SM
MD
LG