Ссылки доступа

Дар Узбекистон устухонҳои навъи ношинохтаи динозавреро пайдо карданд


Ханс-Дитер Сюз, бостоншинос аз Донишкадаи Смитсонови Вашингтон ва Александр Аверянов, узви Академияи илмҳои Русия навъи нави динозавреро, ки ахиран дар Узбекистон пайдо шуд, Dzharatitanis kingi (мухтарас D. kingi) унвон карданд.

Калимаи аввал аз номи ноҳияи Ҷаракудук гирифта шудааст, ки устухонпораҳо аз онҷо пайдо гардид. Калимаи дувум насаби олим Кристофер Кинг аст, ки дар шиносоии устухонҳо кӯмак кардааст.

Соли 2016 Сюз, Стивен Брюсаттӣ, Эмӣ Мюир ва Ен Б. Батлер динозаври дигарро, ки дар Узбекистон пайдо шуда буд, Амир Темур унвон карданд.

D. kingi навъи махсуси динозаврҳои rebbachisaurid аст, ки пештар аз ин танҳо дар минтақаи Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Амрико пайдо шуда буданд.

Сюз мегӯяд, эҳтимол дорад, ин навъи динозаврҳо 90-100 миллион сол пеш дар рӯи замин мавҷуд буданд.

XS
SM
MD
LG