Ссылки доступа

Соли 2020 сатҳи бекорӣ дар Қирғизистон 4% боло рафтааст (видео)


Сатҳи бекорӣ дар Қирғизистон соли гузашта ба иллати пандемияи коронавирус ва қатъи фаъолияти бисёре аз соҳибкорон 4% зиёд шудааст.

Сокиноне, ки пеш аз пандемия ҷои кори доимӣ доштанд, ҳоло маҷбуранд, барои пайдо кардани кори якрӯза ба бозори худҷӯши корҷӯён ё ба истилоҳ, "мардикорбозор" бираванд.

"На ҳама рӯз метавонем кор пайдо кунем. Мешавад, ҳолатҳое, ки се ё чор рӯз кор пайдо карда наметавонем. Баъзан чанд рӯз паи ҳам кор мекунем. Агар дар ҷоят рост истӣ, гурусна хоҳӣ монд", - мегӯяд яке аз сокинони Қирғизистон бо номи Эрнис, ки ҳама рӯза барои пайдо кардани кор ба "мардикорбозор" меравад.

Ба гуфтаи Эрнис, ин навъи низоми корӣ чандон боэътимод нест ва баъзан ҳолатҳое мешавад, ки корфармо музди меҳнаташонро намедиҳад. "Агар корфармо одами бад бошад, ё маошатро намедиҳад ё нимашро медиҳад. Баҳона пеш меорад, ки кори кардаи шумо писанд наомад. Агар кори хуб пайдо кунӣ, рӯзона то наздики 11 доллар метавон даромад ба даст овард", - изҳор медорад ҳамсуҳбати мо.

Корҷӯён ба монанди Эрнис дар Бишкек садҳо нафар аст ва онҳо ҳамарӯза барои пайдо кардани ҷои кор ба ду "мардикорбозор"-и Бишкек мераванд.

XS
SM
MD
LG