Ссылки доступа

Дар Мангистауи Қазоқистон бузургтарин чоҳи нафтро боз карданд


Нашрияи маҳаллии "Ак Жайик" 25 феврал бо истинод ба мақомоти қазоқ хабар дод, ки дар вилояти Мангистау бузургтарин чоҳи нафт кушода шуд.

Он дар ҳудуди ноҳияҳои Мангистау ва Бейнеу, дар наздикии чоҳҳои "Каракудук", "Аристановское" ва "Комсомолское" ҷойгир аст. Ба иттилои ғайрирасмӣ, чоҳи нафти навро ширкати "Меридиан Петролеум" истихроҷ хоҳад кард.

Президенти ширкати "Меридиан Петролеум" Болтабек Куандиков гуфтааст, соли 2018 дар минтақаи бо номи Тепка корҳои ҷустуҷӯӣ анҷом ва 6 чоҳ пайдо шудааст. Яке аз онҳо бузургтарин чоҳи нафт дар вилояти Мангистау шумурда мешавад, ки тайи солҳои истиқлоли Қазоқистон кашф гаштааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 25 дарсади нафти Қазоқистон дар вилояти Мангистау истихроҷ мешавад.

Иқтисоди Қазоқистон 85 дарсад аз истихроҷи маводи хом вобастааст.

XS
SM
MD
LG